Эълон
Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
озмун эълон менамояд.
№ Р\Т |
Номи мансаб |
Категорияи мансаби хизмати давлатӣ |
Маоши хизматчиёни давлатӣ (сомонӣ) |
1 |
Сардори шуъбаи назорат |
3 |
2821,50 |
2 |
Сармутахассиси бахши кадрҳо ва ҳуқуқ |
5 |
2099,60 |
3 |
Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва ҳуқуқ |
6 |
1716,80 |
4 |
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат |
6 |
1716,80
|
5 |
Мутахассиси шуъбаи қабул ва баҳисобгирӣ |
7 |
1415,20 |
Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии
категорияи 3 : (Сардори шуъбаи назорат)
- таҳсилоти олии касбии муҳандисӣ-сохтмонӣ;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии
категорияи 5: (сармутахассиси бахши кадрҳо ва ҳуқуқ)
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё равоншиносӣ (психолог);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии
категорияи 6: (мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва ҳуқуқ)
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё омўзгорӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии
категорияи 6: (мутахассиси пешбари шуъбаи назорат)
- таҳсилоти олии муҳандисӣ-сохтмонӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии
категорияи 7: (мутахассиси шуъбаи қабул ва баҳисобгирӣ )
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии муҳандисӣ ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- Ариза ба унвони Сардори Хадамот
- Варақаи шахсӣ
- Тарҷумаи ҳол
- Сурат 3х4 (4-дона)
- Нусхаи шиноснома
- Нусхаи диплом
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- Нусхаи дафтарчаи ақди никоҳ
- Маълумотнома аз андоз (ИНН)
- Маълумот дар бораи даромад ва ваъзи молу мулк (эъломия)
- Маълумотнома аз духтур (шакли 086УЕ)
- Маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ
- Нусхаи билети ҳарбӣ
- Маълумотнома аз ҷойи истиқомат
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш.Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода-34, ошёнаи якум,
Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ, тел: 227-59-32