(+372) 221 37 85

|

734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, улица Ш.Хусейнзода 34

Объявление о конкурсе на замещение вакантных административных должностей (Проведено)

 

Эълон

Хадамоти  иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

озмун эълон менамояд.

Р/т

 Номи мансаб

Категорияи мансаби  хизмати давлатӣ

Маоши  хизматчиёни давлатӣ (сомонӣ)

1.

Мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқ

4

2786,10

2.

Сармутахассиси бахши кадрҳо ва ҳуқуқ

5

2515,90

4.

Мутахассиси шуъбаи назорат

7

1695,80

 

 Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии

  категорияи 4: (Мудири бахши кадрњо)

 -  таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё равоншиносӣ (психолог);

 - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

 Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии

  категорияи  5:  (сармутахассиси бахши кадрҳо ва ҳуқуқ)

 -таҳсилоти олии қуқшиносӣ ё равоншиносӣ (психолог);

 -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

  Талабот ба довталабони мансаби хизмати давлатии

  категорияи  7:  (мутахассиси шуъбаи назорат)

  - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии  муҳандисӣ ;

  

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  1. Ариза ба унвони Сардори Хадамот
  2. Варақаи шахсӣ
  3. Тарҷумаи ҳол
  4. Сурат 3х4 (4-дона)
  5. Нусхаи шиноснома
  6. Нусхаи диплом
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
  8. Нусхаи дафтарчаи ақди никоҳ
  9. Маълумотнома аз андоз (ИНН)
  • Маълумот дар бораи даромад ва ваъзи молу мулк (эъломия)
  • Маълумотнома аз духтур (шакли 086УЕ)
  • Маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ
  • Нусхаи билети ҳарбӣ
  • Маълумотнома аз ҷойи истиқомат

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш.Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода-34, ошёнаи якум,

Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ, тел: 227-59-32

 

НОМГЎИ

Саволҳо барои довталабони озмун оид ба ишғоли мансабҳои

холии маъмурии хизмати давлатии Хадамоти

иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ

1.    

савол:

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом қонун сарчашма мегиранд?

2.    

савол:

Дар бораи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дињед?

3.    

савол:

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд ва онҳо чӣ маъно доранд?

4.    

савол:

Дар кадом боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст?

5.    

савол:

Асосҳои сохтори Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна мебошад?

6.    

савол:

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардидааст ва аз чанд боб ва модда иборат аст?

7.    

савол:

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом шохаи ҳокимият мансуб мебошад ва аз чанд палата иборат аст?

8.    

савол:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом мӯҳлат интихоб карда мешавад?

9.    

савол:

ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз киҳо иборат мебошад?

10. 

савол:

Барои номзадӣ ба мақоми Президентӣ киҳо пешниҳод шуда метавонанд?

11. 

савол:

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом тарз ва ба кадом муҳлат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамоянд?

12. 

савол:

Демократия чист?

13. 

савол:

Мақоми давлатӣ чист?

14. 

савол:

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намоед?

15. 

савол:

Рўзи Ваҳдати миллиро ҳамасола дар кадом рўз ҷашн мегиранд?

16. 

савол:

Ба хизматчиёни давлатӣ барои баромадан  ба рухсатии бемузд дар муддати як сол ба мўҳлати чанд рўз иҷозат дода мешавад?

17. 

савол:

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ  аз чанд шуъба ва бахш иборат мебошад?

18. 

савол:

Кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти иҷозатномадиҳиро ба танзим медарорад?

19. 

савол:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», кадом муносибатҳоро ба танзим медарорад  ва дар бораи он маълумот дињед?

20. 

савол:

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №172, аз 03.04.2007 Оид ба тасдиқи Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» кадом муносибатҳоро ба танзим медарорад, кай қабул гардидааст ва аз чанд боб иборат аст.

21. 

савол:

Хусусиятҳои иҷозатномадиҳиӣ фаъолият дар соҳаи сохтмон бо кадом боби Низомнома ба танзим дароварда мешавад. Нисбати тартиби иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сохтмон маълумоти муфассал диҳед.

22. 

савол:

Дар бораи ваколатҳои мақомоти иҷозатномадиҳанда маълумот диҳед.

23. 

савол:

Дар кадом ҳолат, ба довталаби иҷозатнома ҷавоби рад дода мешавад.

24. 

савол:

Ҳуқуқҳои  довталаби  иҷозатномаро (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) номбар кунед.

25. 

савол:

Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст ва аз чанд боб ва модда иборат мебошад?

26. 

савол:

Бо кадом барномањои компютерӣ  кор карда метавонед?

27. 

савол:

Бо забони русӣ ё англисӣ дар бораи тарҷумаи ҳоли худ маълумот диҳед?

28. 

савол:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим» кай қабул карда шудааст ва аз чанд боб ва модда иборат мебошад?»

29. 

савол:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай қабул гардида аз чанд боб ва модда иборат мебошад?

30. 

савол:

Ҳизбҳои сиёсиро номбар кунед?

31. 

савол:

Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед.

32. 

савол:

Хизмати давлатӣ чист?

33. 

савол:

Одоби хизматчии давлатӣ чист?

34. 

савол:

Мафҳуми “давлати иҷтимоӣ” тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

35. 

савол:

Мафҳуми “давлати ягона” тибқи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

36. 

савол:

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномаҳо (консепсияҳо, стратегияҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар кунед.

37. 

савол:

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар карда шавад.

38. 

савол:

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба зидди терроризм” ва экстремизм  кай қабул карда шудааст.

39. 

савол:

Мафҳумҳои “терроризм” ва “амали террористӣ”-ро  шарҳ диҳед.

40. 

савол:

Субъектҳои бевосита ба зидди терроризм муборизабарандаро  номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳоро дар ин самт шарҳ диҳед.

41. 

савол:

Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунандаро номбар намуда, доираи ваколатҳои онҳоро дар ин самт шарҳ  диҳед.

42. 

савол:

Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот диҳед.

43. 

савол:

Мафҳумҳои “экстремизм” ва “сепаратизм”-ро  шарҳ диҳед.

44. 

савол:

Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳода намоед.

45. 

савол:

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” маълумот диҳед.

46. 

савол:

Дар бораи шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо маълумот диҳед.

47. 

савол:

Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот диҳед.

 

Дастурамали мансабии мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқ

 

Эмомали Рахмон

«Основатель мира и национального единства — Лидер нации»

Мирзозода Низом Юсуфи

Председатель Комитета архитектура и строительства при Правительстве Республики Таджикистан

Полезьные ссылка