(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уки, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Мунирул Ислом, Подшоҳии Нидерланд Нико Схемерс, Ҷумҳурии Литва Навикас Эгидиюс, Ҷумҳурии Словакия Виктор Боретски, Ватикан Ҷорҷ Ҷорҷ Панамтундил, Ҷумҳурии Ангола Аугушто да Силва Куня, Ҷумҳурии Бенин Андре Акамби Окунлола-Биау, Ҷумҳурии Сиерра-Леоне Моҳамед Йонгаво ва Ҷумҳурии Колумбия Эктор Исидро Аренас Нейра эътимодномаҳояшонро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар айёме доир мешавад, ки дар саросари сарзамини куҳантамаддуни Тоҷикистон накҳати яке аз зеботарин ҷашнҳои Машриқзамин — Наврӯзи оламафрӯз ба машом мерасад.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъйин табрикоту таманниёти неки худро ба муносибати ин ҷашни байналмилалӣ иброз намуданд.

Изҳор гардид, ки баробари мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз фазилатҳои неку созандаи он аз фазои милливу фарҳангиаш фаротар рафта, мазмуну тобиши ҷаҳонӣ касб намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Бангладеш, Шоҳигарии Нидерланд, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Словакия, Ватикан, Ҷумҳурии Ангола, Ҷумҳурии Бенин, Ҷумҳурии Сиерра-Леоне ва Ҷумҳурии Колумбия андешаронӣ намуданд.

Президенти мамлакат иброз намуданд, ки давлати Тоҷикистон дар  солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад.

Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созандаро пеш мебарад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омилҳои калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти дучанд пайдо менамоянд.

Таъкид гардид, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъйинро бахши таркибии сиёсати хориҷиаш медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо