(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

Аз сатҳ ба сатҳ гузаронидан


Сатҳи масъулиятнокии корҳои сохтмонӣ

  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ зиёда аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, коргарони қатории ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор (доимӣ ё шартномавӣ), инчунин техника, дастгоҳу таҷҳизот, механизмҳо ва заминаи моддию техникии худро доранд: барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I корҳои зерин дохил мешаванд:
    1. сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;
    2. иншооти гидротехникию мелиоративӣ;
    3. иншооти энергетикӣ;
    4. васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарорқунии объектҳои мавҷуда.
  3. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, заминаи моддию техникӣ ё техникаю таҷҳизоти худро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.
  4. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:
    1. сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12 - ошёна;
    2. иншооти муҳандисӣ;
    3. биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;
    4. биною иншооти таъиноти кишоварзӣ;
    5. васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
    6. иҷрои вазифаҳои пудратчии генералӣ.
  5. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатиашон камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ доранд ва идораи корӣ, заминаи моддию техникӣ, техникаю механизмҳоро бо дигар асосҳои қонунӣ барои анҷомдиҳии фаъолияташон истифода мебаранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
  6. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи Ш корҳои зерин дохил мешаванд:
    1. сохтмони биною иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии то 5 - ошёна:
    2. васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
    3. иҷрои корҳои махсуси сохтмонӣ;
    4. иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ дар бунёди иморату иншоотҳо;
  7. Иҷозатномаҳое, ки то қабули тартиби мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.

Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ

  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 75 фоизи муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, озмоишгоҳ, базаи истеҳсолӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмониву меъмориро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 корҳои зерин дохил мешаванд:
    1. корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии бинову иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;
    2. иншооти гидротехникию мелиоративӣ;
    3. иншооти энергетикӣ;
    4. васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда.
  3. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 50 фоизи ҳайати муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмонӣ ва меъморӣ доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.
  4. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:
    1. корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12- ошёна;
    2. биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;
    3. биною иншооти кишоварзӣ;
    4. иншооти муҳандисӣ;
    5. васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркуиии объектҳои мавҷуда;
    6. иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ.
  5. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ва камтар аз 50 фоизи муҳандисони лоиҳакаш доранд, идораи корӣ, озмоишгоҳ ва асбобу таҷҳизоти худро бо дигар асосҳои қонунӣ ташкил намудаанд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
  6. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи Ш корҳои зерин дохил мешаванд:
    1. корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 5 - ошёна;
    2. васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
    3. қисмҳои алоҳидаи лоиҳа;
    4. таҳияи лоиҳаҳои дохили бино ва дизайн.

Намунаи замимаҳо

барои фаъолияти сохтмонӣ:

     Замимаи 3 - Ариза барои аз сатҳ ба сатҳ гузаронидани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ (боргирӣ намудан)

     Замимаи 4 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 5 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 6 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 7 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 8 (боргирӣ намудан)

     Назорати дохилии сифати корҳо (боргирӣ намудан)

     Фармоиш дар бораи назорати сифати корҳо (боргирӣ намудан)

барои фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ:

     Замимаи 3 - Ариза барои аз сатҳ ба сатҳ гузаронидани иҷозатномаи фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ (боргирӣ намудан)

     Замимаи 4 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 5 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 6 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 8 (боргирӣ намудан)

 

 

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо