Низомномаи 1
НИЗОМНОМАИ
Хадамоти иҷозатномадиҳии
фаъолияти шаҳрсозӣ
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти иҷозатномадиҳиро дар соҳаи шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
- Хадамот дар Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
- Хадамот фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
ВАКОЛАТҲО
5. Хадамот ваколатҳои зерин дорад:
-
- тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани иҷозатнома оид ба фаъолияти корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;
- тамдид намудани мӯҳлати амали иҷозатномаҳо;
- боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома;
- бекор кардани иҷозатномаҳо;
- аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамояд;
- пешбурди Феҳристи иҷозатномаҳо;
- назорати риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ аз ҷониби иҷозатгирандагон;
- баррасӣ ва ба қайд гарифтани аризаи довталабон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, шахсони бешаҳрванд) барои гирифтани иҷозатнома;
- ташкил ва гузаронидани омӯзиши ҳуҷҷат ва маводи пешниҳодгардида;
- таҳияи дастурамалҳои меъёрию методӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатнома, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- назорат кардани риояи шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ дар доираи салоҳияти худ.
ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
- Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Сардори Хадамот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқараргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
- Сардори Хадамот як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Сардори Хадамот ваколатҳои зерин дорад:
- дар доираи лимити аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, фонди музди меҳнат, басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамот ва харҷномаи таъминоти онро тибқи талаботи намунавӣ барои тасдиқ намудан ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- Низомномаи дастгоҳи марказии Хадамотро тасдиқ менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Хадамот фармоишҳо қабул мекунад.
- Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забони давлатӣ, бланкҳо ва мӯҳру тамғаҳои шакли муқарраршуда мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
- Хадамот бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
- Маҳали ҷойгиршавии Хадамот - 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34 мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Мирзозода Низом Юсуфӣ
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон