(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

Гирифтани иҷозатнома


Намуди фаъолият ва ё амалoҳое, ки барои амалисозии онҳо ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта гирифта шудааст, аз ҷониби дорандаи онҳо анҷом дода мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд.

Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 №195).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома

1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  • ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо қайди намуди фаъолият ё амале, ки субъекти хоҷагидор мақсади амалисозии онро дар асоси ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорад;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорро тасдиқ менамояд;

  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ барои баррасии ариза;
  • ваколатнома барои намояндагии манфиатҳо ба номи шахси ваколатдор, агар ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби намояндаи аризадиҳанда пешниҳод шаванд.
  • нусхаи ҳуҷҷат дар бораи аз тарафи мақомоти андоз ба довталаби иҷозатнома додани рақами мушаххаси андозсупоранда 
  • маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.

2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбинӣ шуда метавонанд. "Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд.

3. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо Қонуни мазкур ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рўйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рўзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад.

Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда

  1. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ ва сохтмонӣ ба се дараҷа ҷудо карда мешаванд:
    1.  сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - I;
    2. сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - II;
    3. сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - III.
  2. Иҷозатномадор ҳуқуқи иҷрои намудҳои муқарраргардидаи корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулнокии онҳо дар иҷозатнома нишон дода шудааст.
  3. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II ва дараҷан III - ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III - ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III ҳуқуқи иҷро намудани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I ва дараҷаи II - ро надорад.
  4. Аз як сатҳ ба сатҳи масъулиятнокии дигар гузаштан, сарфи назар аз мӯҳлати амали иҷозатнома, дар асоси аризаи иҷозатномадор ва талаботи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
  5. Дар ҳолати аз тарафи иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда паст карда мешавад.
  6. Ба корхонаҳои навтаъсис ва шахсони воқеӣ танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулиятнокиаш дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
  7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба имкониятҳои доштаашон метавонанд танҳо барои иҷрои қисмҳои алоҳидаи корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ё корҳои махсуси сохтмонӣ ва қисмҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ иҷозатнома гиранд.

Намунаи ариза ва замимаҳо

барои фаъолияти сохтмонӣ:

     Замимаи 3 - Ариза барои фаъолияти сохтмонӣ (боргирӣ намудан)

     Замимаи 4 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 5 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 6 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 7 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 8 (боргирӣ намудан)

     Назорати дохилии сифати корҳо (боргирӣ намудан)

     Фармоиш дар бораи назорати сифати корҳо (боргирӣ намудан)

барои фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ:

     Замимаи 3 - Ариза барои фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ (боргирӣ намудан)

     Замимаи 4 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 5 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 6 (боргирӣ намудан)

     Замимаи 8 (боргирӣ намудан)

 

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо