(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

Низомномаи 2


НИЗОМНОМАИ
Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти
иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ

 

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Низомномаи Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти  шаҳрсозӣ (минбаъд – Низомномаи мазкур) тибқи талаботи банди 2 боби 8 «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, таҳия карда шуда, тартиби кори комиссия, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозиро (минбаъд -  Комиссияи иҷозатномадиҳӣ) ба танзим медарорад.
  2. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
  3. Ҳайат ва нақшаи кории Комиссияи иҷозатномадиҳӣ аз тарафи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиш тасдиқ карда мешавад.
  4. Ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳӣ кори натиҷабахши Комиссияи иҷозатномадиҳиро таъмин намуда, қарор ва пешниҳодоти Комиссияи иҷозатномадиҳиро тасдиқ менамояд.

ВАКОЛАТҲО

  1. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
    1. омӯзиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабони иҷозатнома;
    2. қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти шаҳрсозӣ;
    3. қабули қарори Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар бораи боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО

  1. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.
  2. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад мутахассисони соҳавии довталаби иҷозатномаро ба ҷаласаи комиссия барои иштирок намудан, даъват намоянд.
  3. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ӯҳдадор аст лавҳаи иттилоотӣ тартиб дода, дар он рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

  1. Ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ бо салоҳдиди Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар санаи муайяннамудаи ӯ дар як моҳ на камтар аз як маротиба гузаронида мешавад.
  2. Бақайдгирии ҳайати Комиссия пеш аз ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ гузаронида мешавад.
  3. Ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳӣ таъмини кори масъулиятноки Комиссияи иҷозатномадиҳиро ба роҳ монда, қарор ва пешниҳоди Комиссияи иҷозатномадиҳиро тасдиқ менамояд.
  4. Котиботи Комиссияи иҷозаатномадиҳӣ коргузории Комиссияи иҷозатномадиҳиро ташкил ва аз рафти ҷаласаҳо Комиссияи иҷозатномадиҳӣ протокол тартиб намуда, масъалаҳои гузоштаро бо тарзи таъҷилӣ то ҷаласаи оянда иҷро менамояд.
  5. Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ тартиби гузаронидани ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳиро муайян намуда, протоколи ҷаласаро ба имзо, мерасонад.
  6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҷонишини Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ кори Комиссияи иҷозатномадиҳиро роҳбарӣ менамояд.
  7. Аз рӯи масъалаҳое, ки дар ҷаласа баррасӣ мешаванд, Комиссияи иҷозатномадиҳӣ бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ қарор қабул мекунад. Ҷаласаҳои Камиссияи иҷозатномадиҳӣ дар сурате ваколатдор ҳисобида мешаванд, ки дар он на камтар аз 4/3 ҳиссаи аъзоёни комиссия иштирок дошта бошанд.
  8. Дар Ҳолати ҳалли худро наёфтани масъала ҳар як узви Комиссияи иҷозатномадиҳӣ фикри худро оид ба ҳалли масъала ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд.
  9. Қарорҳои дар ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳӣ қабулгардида ба протоколи ҷаласа дохил карда шуда, бо аксарияти овозҳои иштироккунандагони ҷаласа (бо назардошти фикру мулоҳизаҳои хаттии ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳӣ) қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳалкунанда мебошад.
  10. Иҷозатнома аз ҷониби роҳбари мақоми иҷозатномадиҳанда ба имзо расонида шуда, бо муҳри ҳамин мақомот тасдиқ карда мешавад ва ба довталаби иҷозатнома ва ё намояндаи ваколатдори ӯ мувофиқи намунаи дар замимаи 1 овардашуда дода мешавад.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Оид ба масъалаҳое, ки ҳалли худро дар гузарониданаи ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ намеёбанд, Раиси комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад, ки ташхисгари мустақилро барои таҳлили саҳеҳ ҷалб намояд.
  2. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо