(+372) 221 37 85

|

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 34

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

     МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРАКИ 61-УМИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАИЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ ВА ТАШКИЛОТУ КОРХОНАҲОИ ЗЕРТОБЕИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

        Имрӯз 25 январи соли 2025, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар шаҳраки 61 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони корхонаҳо ва ташкилоти зертобеъи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт.
        Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи сабзгардонӣ, ҳифзи муҳити зист ва тозагии муҳити атроф диққати ҷиддӣ медиҳанд ва чунин маъракаҳо ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ маҳсуб гардида ба беҳтар шудани сифати зиндагии шаҳрвандон ва зебогии пойтахти кишвар равона шудаанд.
      Дар ҳашари умумии имрӯза, дарахтони гуногуни ҳамешасабз, аз ҷумла санавбарҳо, дар шафати биноҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳои шаҳраки болозикр шинонида шуданд. Кормандони ташкилоти зертобеи Кумита тавонистанд зиёда аз 300 адад дарахти санавбар шинонанд, ки ин саҳми назаррас дар рушди фазои сабзи шаҳр мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Мирзозода Низом Юсуфӣ

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо